СММ озмуни «Ман бо духтари худ фахр мекунам»-ро эълон менамояд
Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии аҳолӣ ва Рӯзи байналмилалии духтарон, ки 11 октябр баргузор мегардад, Намояндагии хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони он озмуни иншо ва аксҳои беҳтаринро таҳти унвони «Ман бо духтари худ фахр мекунам» эълон менамояд.
Тавре аз Намояндагии хазинаи нуфуси СММ (ЮНФПА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар саросари ҷаҳон духтарони наврас назар ба писарбачагон бештар бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешаванд. Меъёру талаботи иҷтимоӣ-ҷамъиятӣ водор менамоянд, ки духтарон аз сини хурдсолӣ барои бунёди оила ва давом додани насл омода бошанд. Ин омил бар зарари илмомӯзӣ, рушди касбиву коромӯзии духтарон мешавад.
Бо ин сабабҳо аксаран духтаран ва занони ҷавон бедастрасӣ ба таҳсилот ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ мемонанд, ки ин ҳолат ҳам барои онҳо, оилаҳои онҳо, хусусан барои фарзандонашон таъсири манфӣ мерасонад. Дар сурате, ки духтари наврас дорои шароит, маблағ, маълумот, инчунин дастгирии падару модар ва оилааст, ӯ метавонад иқтидори худро пурра амалӣ намояд ва ҳамчун як қувваи пешбарандаи мусбӣ барои оила, ҷомеа ва кишвари худ хизмат намояд.
Мақсади озмун аз нишон додани мавқеи назарраси мусбии падарон дар дастгирии духтарони худ ҷиҳати амаликунии иқтидорашон баҳри ҳалли он мушкилоте, ки духтарони наврас дар ҳаёти ҳаррӯзаашон бо он рӯ ба рӯ мешаванд, иборат аст.
Бояд гуфт, ки озмуни иншо ва аксҳои беҳтарин аз 15 июни соли равон оғоз ёфта, 11 октябри соли 2016 дар Рӯзи байналмилалии духтарон анҷом меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад






