Суғд: сайди беш аз 37 тонна моҳӣ аз оғози соли равон

Июль 12, 2016 11:18

Хуҷанд, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози соли равон дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд сайди моҳӣ 37,1 тоннаро ташкил намудааст,  дар маҷмӯъ ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ ба 742,0 ҳаз. сомонӣ баробар  гашта, он нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба 1,4% зиёд мебошад.
Чуноне, ки ба АМИТ «Ховар» аз идораи «Суғдмоҳӣ» иттилоъ доданд, дар ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ намуди моҳии пешонағафси сафед  22,1%,  зағорамоҳӣ  17,0%, амури сафед  11,0%, суфмоҳӣ (судак)  5,3% ва 44,7%-ро дигар намуди моҳиҳо ташкил доданд.

Июль 12, 2016 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш