«Тарзи ҳаёти солим-интихоби мо!»: 30 июл дар тамоми кишвар Марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
Душанбе, 27.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 30 июли соли 2016 соати 07:00 дар қаламрави кишвар Марафони саломатии велосипедронӣ бо иштироки оммаи васеи мардум баргузор мегардад.
Чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил шуда, ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди оммавияти варзиши намуди велосипедронӣ дар кишвар бахшида шудааст.
Макони оғоз ва баргузорӣ:
шаҳри Душанбе аз Наврӯзгоҳи пойтахт то Чорбоғ; шаҳри Хоруғ аз даромадгоҳи шаҳри Хоруғ то майдони Исмоили Сомонӣ; шаҳри Хуҷанд Ҳавзи шиноварӣ, кӯчаи Сирдарё, пули Ҷашнӣ, майдони Парчами миллӣ; Қӯрғонтеппа: ноҳияи Дустӣ (саҳни маркази ҷавонон) то маркази шаҳри Қӯрғонтеппа, назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ; Кӯлоб: аз ноҳияи Восеь (аз майдони муҷассамаи шуриши Восеъ) то майдони Парчами миллии шаҳри Кӯлоб; ноҳияи Рашт: деҳаи Сари пул то ҷамоати деҳоти Каланак;
Иштироки фаъолонаи тамоми хоҳишмандон — велосепедронҳо дар чорабинии мазкур нишонаи таҳкими тарзи ҳаёти солим ва шукргузорӣ аз иттиҳоду сарҷамъӣ ва иқболи миллат хоҳад буд.
Тарзи ҳаёти солим-интихоби мост!








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






