Таваҷҷуҳи сайёҳон барои дидани Қасри Шоҳони Хатлон зиёд мегардад
Душанбе. 12.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Таваҷҷуҳи сайёҳон, меҳмонони дохилию хориҷӣ барои тамошои Қасри Шоҳони Хатлон дар ноҳияи Восеъ сол ба сол зиёд мегардад. Ба наздикӣ намояндагони корпуси дипломатии сафоратхонаҳои кишварҳои гуногун, ки дар Душанбе қарор доранд, дастҷамъона ба Қасри Шоҳон ташриф оварданд.
Мӯсо Ғафурзода раиси ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо кормандони маҷмааи Қасри Шоҳон меҳмононро самимона, бо нону намак истиқбол гирифтанд.
Абдулло Хоҷаев директори маҷмааи Қасри Шоҳон сафиронро ба таърихи Қаср, ки ба асрҳои IХ-ХI-и миллатамон мансуб аст, ошно намуда, зикр кард, ки ин ёдгории таърихӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмиру тармим гашта, умри дубора пайдо намуд.
Хотиррасон менамоем, ки зимнан, барои анҷоми барқарорсозии деворҳои шимолу шарқӣ ва шимолии мамнуъгоҳ маблағи 6 млн. 107 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба «Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҳлил ва рушди иншоотҳои инфрасохтори иҷтимоӣ» пешниҳод гардиданд.
Кормандони Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихӣ- фарҳангии «Ҳулбук» дар шимоли Қасри Шоҳон ҷойи таҳкурсии девори муҳофизатии қаср, инчунин зарфҳо ва шабакаи қубурҳои обтаъминкуниро дарёфт намуда, ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии ҳифз ва тармими ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи таҳкурсии девори шимолии қаср муайян гардид.
Дар нимсолаи аввали соли 2016 Мамнуъгоҳи таърихӣ- фарҳангии «Ҳулбук» -ро 4144 нафар дидан намуда, 1 160 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ онро ройгон тамошо карда, аз таърихи он огаҳӣ пайдо намуданд.








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






