Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои фатҳи Ҷоми Президенти Қазоқистон меравад

Июль 19, 2016 09:20

Душанбе, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки навакак бо медалҳои нуқраи мусобиқаи байналмилалии «Роҳи абрешим-Хуашан-2016» аз Ҷумҳурии Халқии Чин баргашт, дар рақобатҳои Ҷоми президенти Қазоқистон ширкат меварзад.
Мусобиқа 7 -13 август бо ҳузури 8 даста: Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Озорбойҷон, Қирғизистон, Албания, Тоҷикистон ва ду даста аз Қазоқистон барпо хоҳад шуд.
Ҷоми президенти Қазоқистон соли 9-ум гузаронида шуда, маблағи ҷоизавиаш 20 000 долларро ташкил мекунад. Ба ғолиб Ҷоми мусобиқа ва 10 000, ба соҳиби мақоми дуюм 6 000 ва барандаи ҷои сеюм 4 000 доллар тақдим мешавад. Ин мусобиқа пештар дар шаҳрҳои  Остона ва Алмати (Алма-Ато) гузаронида шудаанд.

Июль 19, 2016 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад