«Тоҷик Эйр» ҷуғрофиёи парвозҳояшро фарох мегардонад

Июль 27, 2016 15:52

Душанбе, 27.07.2016. /«АМИТ «Ховар»/. «Тоҷик Эйр» ҷуғрофиёи парвозҳояшро фаррох мегардонад»,  зикр намуд директори генералии ҶСК «Тоҷик Эйр»  Хайрулло Раҳимов.
Ифтитоҳи хатсайри нави  Душанбе-Пекин-Душанбе, ки бо хизматрасонии бизнес-класс роҳандозӣ гардид, шаҳодати гуфтаҳост.   Инчунин ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар ин давра парвозҳои мунтазамро ба шаҳрҳои Русия,  Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Ҳиндустон анҷом дода, дар хатсайрҳои  дохилӣ парвозҳо асосан ба марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Суғд шаҳрҳои Хоруғ ва Хуҷанд сурат гирифтаанд.
Бояд тазаккур дод, ки «Тоҷик Эйр» ягона интиқолдиҳандаест, ки парвозҳоро ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом медиҳад ва бо назардошти зиёд гардидани талабот ҳамарӯза ба шаҳри Хоруғ ду парвозӣ иҷро гардиданд. Дар рӯзҳои  таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ «Тоҷик Эйр» дар як рӯз то панҷ парвозро аз Душанбе ба Хоруғ  ба  анҷом расонида буд.

Июль 27, 2016 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд