Туркманистон — Тоҷикистон 2:3

Июль 14, 2016 10:56

Душанбе, 14.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тими мунтахаби футболи наврасони то 14 -солаи Тоҷикистон, ки имрӯзҳо дар Мусобиқаи байналмилалии  «Роҳи абрешим-Хуашан-2016», дар Ҷумҳурии Халқии Чин ширкат дорад, дар бозии дуввуми худ тими мунтахаби Туркманистонро бо натиҷаи 3:2 шикаст дод.
Дар ин ғалаба голҳои Шервонӣ Муҳаббатшоев, Ваҳдат Ханонов ва Ҳувайдо Малиев ба дастаи мунтахаби наврасони мо ғалаба оварданд.
Дар вохӯрии  дигари рӯз тими мунтахаби Чин, мизбони ин бозиҳо аз  тими Кореяи ҷанубӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гардид. Ба ҳамин тартиб, новобаста ба бозии даври охирин, ки имрӯз барпо мешавад, футболбозони навраси мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки соли равон дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё (U-16) ширкат хоҳад намуд, соҳиби мақоми аввал гардиданд.
Имрӯз наврасони Тоҷикистон бо Чин ва Кореяи Ҷанубӣ бо Туркманистон вориди майдон мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи байналмилалии  «Роҳи абрешим-Хуашан-2016» дар шаҳри Вайнани Чин боо иштироки 4 дастаи мунтахаби наврасони Осиё идома дорад.

    Б Ғ М Б Т/т И
1 Кореяи ҷанубӣ 2 2 0 0 4-1 6
2 Чин 2 1 0 1 4-2 3
3 Тоҷикистон 2 1 0 1 4-5 3
4 Туркманистон 2 0 0 2 3-7 0

 

Июль 14, 2016 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд