Ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори «Қарияи Боло»

Июль 5, 2016 15:37

Душанбе, 05.07.2016/АМИТ «Ховар»/.  Беш аз 50 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва ширию гӯштӣ аз ҷониби кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҳисор дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ки дар арафаи иди саиди Фитр имрӯз аз субҳ дар бозори «Қарияи Боло»-и Душанбе ташкил гардида буд, ба фурӯш гузошта шуд.
Бобосафар Шарифов роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Ҳисор дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пурнозу неъмат гардонидани дастархони идонаи шаҳрвандон ва ҷилавгирӣ аз баланд гардидани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои пойтахт ба роҳ монда шудааст. Мавсуф афзуд, ки  кишоварзону чорводорони коперативҳои истеҳсолии ба номи Латиф Муродов, «Баракати чорводор»  ва дигар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба сокинони пойтахт маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка, пиёз, карам, помидор, бодиринг, боимҷон ва дигар маҳсулотҳоро бо нархҳои нисбатан арзон ва дастрас ба фурӯш гузоштанд. Аз ҷумла, як кг картошка  80 дирам, пиёз 50 дирам, 1 кг гӯшти  гов 28 сомонӣ, 1 литр шир бо нархи 1,5 сомонӣ ва навъҳои гуногуни мева аз 10 то 12 сомонӣ барои ҳар як кг пешкаши  сокинони пойтахт гардонида шуд.

Июль 5, 2016 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад