Ӯзбекистон аввалин рақиби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2016
Душанбе, 12.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин бозиашро дар Чемпионати футболи Осиё-2016 миёни бозингарони синашон то 19-сола, ки аз 13 то 30 октябри соли равон дар шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор мешавад, бо дастаи Ӯзбекистон анҷом медиҳад.
Ин бозии даври аввали гурӯҳи «D» 15 октябр дар Варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити» барпо мегардад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 16 октябр муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони Чин бозӣ мекунанд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн доир хоҳад шуд. Бозии ниҳоии сабқати гурӯҳиро дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 21 октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо дастаи Австралия анҷом медиҳад. Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври баъдӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар чорякфинал бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» — Қатар, Ҷопон, Яман ё Эрон рақобат мекунад. Бояд гуфт, ки дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷавонони Осиё-2016 дар Баҳрайн барои чаҳор роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ мубориза мебаранд. Агар дар Манама Кореяи Ҷанубӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёбад, он гоҳ дастае, ки дар Чемпионати Осиё-2016 ҷойи панҷумро мегирад, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2017 мешавад.








Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид
Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд






