Дар Душанбе «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба теннис оғоз гардид

Август 24, 2016 15:12

 Душанбе, 24.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз  дар  Қасри тенниси  шаҳри  Душанбе   мусобиқаи  «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба теннис  ифтитоҳ  гардид. Дар ин мусобиқаи варзишӣ   намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина, Афғонистон ва Эрон  ширкат доранд.
Дар расми ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ  роҳбарияти Кумитаи  ҷавонон,  варзиш  ва  сайёҳии  назди   Ҳукумати   Ҷумҳурии   Тоҷикистон тамоми  иштирокчиёнро  ба муносибати 25-умин  солгарди  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, ба  варзишгарони  тоҷик барору комёбӣ  орзу намуданд.
Ёдовар мешавем, ки  аз  23 то  27 августи соли  равон  дар шаҳри Душанбе  мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  доир  мегардад. Дар  мусобиқаи мазкур   барои  ғолибони ҷои аввал ба духтарон ва писарон 7000 сомонӣ, барои ҷои дуюм 5600 сомонӣ, барои ҷои сеюм 3500 сомонӣ,  барои ҷои якум, дуюм ва сеюм ҷуфти духтарон ва  писарон мутаносибан 3500, 2800 ва 1750 сомонӣ  мукофот пешбинӣ шудааст.
Соли ҳафтум аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ баргузор мегардад.  Баргузории ин чорабинии муҳим ба  арафаи таҷлили 25-умин солгарди рӯзи Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст, ки он инъикоскунандаи рамзи муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни мардумон мебошад.

Август 24, 2016 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд