Дар «Хонаи китоби Тоҷикистон» бастаи рӯзномаи то ҳол номаълуме пайдо шуд, ки таърихи беш аз 100-сола дорад!

Август 13, 2016 13:09

Душанбе, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи азназаргузаронии (инвентаризатсияи) захираи фонди бойгонии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» ду бастаи рӯзномае пайдо шуд, ки бо хати нофаҳмо интишор шуда, бо забони русӣ «Рахмимъ» ишора дошт. Маълум гардид, ки он нашрияи яҳудиёни Осиёи Миёна аст.

Ҳарчанд дар бораи бо алифбои яҳудӣ интишор шудани нашрия дар Осиёи Миёна қаблан хабар доштем, аммо бо дидани рӯзномаи яҳудии «Рахмим» (мумкин талаффузаш бо забони яҳудӣ дигар бошад) дар шигифт афтодем. Дарёфти ду бастаи рӯзномаи «Рахмим» дар ҳолати хеле хуб барои мо як ҳодисаи ғайричашмдошт намуд. Бастаи аввал солҳои 1910-1916-ро фаро гирифта 242 (256) шумора иборат аст. Бастаи дуюм танҳо солҳои 1911-1912-ро дарбар гирифта, нисбат ба ҳамин солҳои бастаи аввал аз шумораҳои пурраи рӯзнома дар ҳаҷми 154 (149) дона таркиб ёфтааст.

Дар бойгонии ин муассиса аксар рӯзномаҳои ватанӣ ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзу нигоҳдорӣ мегарданд ва имконияти ба он ворид намудани рӯзномаи ғайр умуман вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, тахмин кардан мумкин аст, ки дар солҳои аввали истиқлолият ҳангоми кӯчбастани яҳудиёни Тоҷикистон кадом як инсони дурандеш ва дилсӯзи фарҳанг барои нобуд нашудани бастаи рӯзномаи бо ҳуруфоти яҳудӣ (ивритӣ) онро ба муассисаи мазкур, ки номи «Палатаи китобҳо» — ро дошт, барои ҳифзу баҳрабардорӣ ба наслҳои оянда интиқол дода бошад. Ин тахмини моро набудани ҳуҷҷат доир ба вуруд ва ё мавҷудияти бастаҳои ин нашрия ва дар ягон феҳрист ва нашрияи ҷорию тарҷеии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» сабт нашудани он, асос мебахшад.

Газета-2Аз тарафи дигар, қадимтарин маводи чопии ин бойгонӣ- китобҳо ба соли 1922 ва рӯзномаҳо ба соли 1924 рост меояд. Аммо бастаҳои пайдошудаи нашрияи «Рахмим» солҳои 1910 – 1916-ро фаро мегирад. Бо дарёфти ин ду баста таърихи маҳфузии маводи ин муассиса аз соли 1922 ба соли 1910 фаромад, ки воқеаи ғайричашмдош аст.

Хондани мазмуну муҳтавои рӯзнома бароямон муяссар нашуд, зеро тавре ишора шуд, он бо ҳуруфи яҳудӣ чоп шудааст. Аммо баъзе аз ходимони илмӣ тахмин мекунанд, ки мазмун бояд тоҷикӣ бошад, чунки яҳудиёни Самарқанд, Бухоро ва Фарғона аксаран бо забони тоҷикӣ муошират менамуданд. «Рахмим» мисли дигар нашрияҳои маҳаллии ибтидои садаи ХХ баъзе эълону рекламаҳояшро бо забони русӣ чоп намудааст. Маҳз бо ду ҳуруф: яҳудӣ ва кириллӣ чоп намудани эълонҳо ба мо имкон дод, ки дар бораи он таассурот пайдо кунем.

Рӯзнома формати А-3, андозаи 35 см бар ва 49 см. баландиро дошта, дар ҳаҷми як, якуним ва ду саҳифа, дар чор сутун, рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа интишор шудааст. Муассис ва муҳаррир Р.Д. Давидбаев зикр шудааст. «Рахмим» ороиши маъмулӣ дошта, аксари шумораҳояш шаклан якхелаанд. Унвони нашрия дар васат бо ҳуруфи калон ва дар болои он навиштаҷоти шиорӣ ҷой дода шудааст.

Нашрия дар Идораи чопхонаи вилоятии Фарғона, шаҳри Скобелев (Қӯқанд) солҳои 1910 – 1916 ба табъ расидааст. Идораи рӯзнома дар нишонии Вилояти Фарғона, шаҳри Скобелев, кучаи Садовая, ҳавлии шахсии Р.Д. Давидбоев қарор доштааст. Рӯзнома бо сифати хуби полиграфӣ аз чоп баромадааст. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки аз се навъи коғаз: сафеди оҳарӣ, сафеди зардваш ва дар як барориш (шумораи №47 соли 1915) коғази сурхи нилгун истифода шудааст.

Ҷои зикр аст, ки бастаи аввал аз ҷониби маҳфузони он қисман таъмир (реставратсия) карда шудааст ва бо таассуф метавон қайд намуд, ки ин баста нигарони таъмири (реставратсияи) оҷил мебошад. Бастаи дуюм нисбатан беҳтар ҳифз шуда, тамоми шумораҳои нашрия дар ҳолати хуб қарор доранд.

Маводи нашрияро ба ғайр аз нигоштаҳои публитсистӣ, ҳамчунин ҷадвалҳо, нақшаҳо, маълумоти оморӣ ва амсоли он ташкил медиҳад. Инчунин барои хонандагон оид ба нақшаи хатсайри роҳи оҳан, бо нишондоди вақт маълумотҳо пешниҳод гардидааст. Дар рӯзнома чопи эълонҳо (реклама) аз рӯзномаҳои дигар, марказҳои савдою бонкҳо, молу ашё, атриёт, ҷашнномаҳо ва ғайра маъмул будаст, ки қариб дар ҳар шумора, одатан дар саҳифаи охир ҷой дода шудааст. Масалан, «Газета для Всехъ. Политическая и литературная» («Рӯзнома барои ҳама», нашри сиёсиву адабӣ»), «Журналы и газеты для Всехъ. Бесплатное еженедельное иллюстрированное приложение» (Маҷалла ва рӯзномаҳо барои ҳама. Замимаи ҳафтаинаи ройгони орододашуда), «Голос Ферганы». Ежедневная политическая и общественная газета, «(Садои Фарғона. Рӯзномаи ҳаррӯзаи сиёсиву ҷамъиятӣ), «Финансово-биржевой журнал «Биржевой ежемесячник» («Моҳномаи биржавӣ». Маҷаллаи молиявию биржавӣ»), «Еженедельник политического, общественного и литературного органа «Еврейский Мир», («Дунёи яҳудиён». Ҳафтаномаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва адабӣ). Дар шумораи №1-и соли 1911 рӯйхати мухбирони «Дунёи яҳудиён» зикр шудааст, ки теъдоди онҳо беш аз 100 –ро ташкил медиҳад, ки аз манотиқи гунгогуни дунё хабарҳо ирсол намудаанд. Аз ҷумла,  М.Б. Ратнер аз Австрия, Н. Яншуф аз Фаластин, И. Эляшев аз Баал Махшовот, К. Форнберг аз Америка ба идораи нашрияи иттилоот мефиристонидаанд. Ин шаҳодати он аст, ки мундариҷаи нашрияи «Дунёи яҳудиён» доираи васеъро фаро гирифтааст.

Аз аксари шумораҳои нашрия ҷойдодани эълонҳо амсоли «Банк Л. В. Ландау и К°», «Торговый дом Л. и Э. Метцль и К°», инчунин маҳсулоти маишӣ-қандилҳо, атриёт, равғанҳои (кремҳои) молиданӣ «Крем Казими», собун тахмин кардан мумкин аст, ки нашрия аз чопи эълону рекламаҳо манфиати молӣ мегирифтааст.

Табиист, ки рӯзномаи «Рахмим» дар баробари фаро гирифтани раванди воқеаҳои иҷтимоии ибтидои садаи ХХ, ҳаёти иҷтимоию фарҳангии мардуми Осиёи Миёна, бавижа яҳудиёни ин сарзаминро мунъакис намудааст.

Аз ин рӯ, омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз ин нашрия метавонад ба воқеаҳо ва санаҳои нисбатан нокушодаи ин марҳилаи инкишофи таърихи муосири мардуми Осиёи Миёна, хоса тоҷикон равшанӣ андозад.

Қ. Бӯриев, М. Муродӣ

 

Август 13, 2016 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд