Дар Норак Форуми занони кумитаҳои маҳаллӣ оид ба масъалаҳои таъмини об «Зан ва об» баргузор гардид
Норак, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Норак ҷиҳати иштироки фаъоли занон дар масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ таҳти унвони «Зан ва об» Форуми занони кумитаҳои маҳаллӣ оид ба масъалаҳои таъмини об баргузор гардид.
Дар форум раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири ИМА дар Тоҷикистон, директори Лоиҳаи идоракунии маҳаллӣ, фаъолзанони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Дар кори Форум иқдомҳои ташаббускоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини оби нӯшокӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён масъалаҳои сарфакорона истифода бурдани об, дастрасии ҳамагон ба об, идоракунии обтаъминкунӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрамро мавриди таҳлил қарор доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






