Ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб- туҳфаи арзанда ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 августи соли 2016 дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳим ва фараҳбахш ба вуқӯъ пайваст. Дар ин рӯз дар маросими ботантана бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иншооти бузургу дорои аҳамияти стратегӣ- роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа-Кӯлоб ба истифода дода шуд.
Ифтитоҳи роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишварамон нақши муассир мегузорад. Арзиши лоиҳавии бунёди роҳи оҳани Душанбе Қурғонтеппа- Кӯлоб 165 миллион сомониро ташкил дода, он дорои се нақб ва 8 пул аст. Бояд тазаккур дод, ки бунёди роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб имконият медиҳад, ки ҳаҷми мусофиркашонӣ ва боркашонӣ аз маркази ҷумҳурӣ ба минтақаи ҷануби кишвар афзоиш ва арзиши он коҳиш ёфта, солона ба иқтисодиёти кишварамон 46 миллион сомонӣ фоида орад.
Мавриди зикр аст, ки чор сол муқаддам, аниқтараш соли 2012 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қатъ гардидани ҳаракати қатораҳо дар масири Амузанг-Хатлон, бо мақсади пайваст намудани қитъаи роҳи оҳани минтақаи ҷануби Тоҷикистон бо пойтахт ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб оғоз намуд.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 977 км роҳи оҳан буда, тибқи маълумоти расмӣ дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 208 км роҳи оҳани нав ба истифода дода шудааст, ки тӯлонитарини он роҳи оҳани Қурғонтеппа- Кӯлоб бо дарозии 132 км ба шумор меравад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






