Игор Черевченко аз мақоми сармураббии дастаи «Локомотив»-и Москва истеъфо дод

Август 11, 2016 08:35

Душанбе, 11.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Игор Черевченко, фарзанди футболбози маъруф ва капитани собиқи дастаи овозадори  “Помир”-и Душанбе Геннадий Черевченко, рӯзи 10 август расман аз мақоми сармураббии тими футболи “Локомотив”-и Маскав истеъфо дод. Черевченко, ки аз моҳи июни соли 2015 ба “Локомотив” раҳбарӣ мекард, баъд аз ду мусовии тимаш дар ду бозии аввали қаҳрамонии имсолаи футболи Русия эълони истеъфо кард.
Игор Черевченко соли 1974 дар Душанбе ба дунё омада, солҳои 1992-1994 дар ҳайъати “Помир” ва тими миллии Тоҷикистон ва аз миёнаи солҳои 90 дар тимҳои “Локомотив”-у “Торпедо”-и Маскав ва “Алания”-и Владикавказ бозӣ кардааст. Ӯ баъд аз Юрий Сёмин, Рашид Раҳимов ва Эдгар Гэсс чорумин намояндаи футболи Тоҷикистон аст, ки ба мақоми сармураббии тимҳои футболи Премер-Лигаи Русия расидаанд. Черевченко як сол пеш баъди интихобаш ба мақоми сармураббии “Локомотив” дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфта буд, ки вазифааш ба унвони қаҳрамонӣ расондани ин тими маъруф аст.
Хотиррасон менамоем, ки соли гузашта дастаи «Локомотив» таҳти роҳбарии Игор Черевченко соҳиби Ҷоми Федератсияи Россия гардида буд.

Август 11, 2016 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд