Инак, имшаб дар Бразилия Бозиҳои тобистонаи олимпӣ оғоз меёбанд. Ба мунтахаби Тоҷикистон мухлисӣ мекунем!
Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шаби 5-ум ба 6-уми август дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия маросими тантанавии ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ доир мегардад. Он соати 04:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Дар мусобиқот, ки то 21 август идома мекунад, барои шумораи рекордии маҷмӯи медалҳо-306 варзишгарон аз 207 кишвар мубориза мебаранд. Ёдовар мешавем, ки шаби 1 август дар Деҳаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро маросими ботантанаи барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ин рӯз дар Деҳаи олимпӣ, ҳамчунин парчамҳои миллии Булғористон, Ветнам ва Гренада барафрохта шуданд.
Раиси Деҳаи олимпии Рио-де-Жанейро, қаҳрамони ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ дар ҳайати мунтахаби Бразилия оид ба баскетбол Ҷанет дус Сантус Аркаин аъзои ҳайатҳоро хайрамақдам гуфта, барояшон дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ муваффақият орзу намуд.
Баъдан хонум Аркаин ба раҳбарони ҳайатҳои Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард. Дар навбати худ аз номи ҳайатҳо ба раиси Деҳаи олимпӣ тӯҳфаҳо эҳдо шуд. Тӯҳфаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба Ҷанет Аркаин котиби генералии КМОТ Баҳрулло Раҷабалиев супурд.
Таҳти садои сурудҳои миллии Булғористон, Ветнам, Гренада ва Тоҷикистон бо навбат парчамҳои миллии ин кишварҳо барафрохта шуданд.
Ҳунарпешагони бразилӣ дар оғозу анҷоми чорабинӣ бо суруду рақсҳои ҷолиби худ ба маросим шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд.
Барафрохтани парчамҳои миллӣ дар Деҳаи олимпӣ яке аз чорабиниҳои куҳантарин ва муҳимтарини рамзӣ дар Бозиҳои олимпӣ маҳсуб мешавад. Дар ин чорабинӣ ҳамаи 15 нафар аъзои ҳайати олимпии Тоҷикистон, ки 28 июл ба Деҳаи олимпӣ омада буданд, ширкат варзиданд.
Маросими барафрохтани парчамҳои давлатии кишварҳои ширкаткунандаи Бозиҳо, ки пеш аз маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои олимпӣ барпо мегардад, аз омодагии олимпичиёни кишвар ба Бозиҳо дарак медиҳад.
Ҳоло ҳамаи варзишгарони тоҷик, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии кишвар шомиланд – Дилшод Назаров (гурзандоз), Комроншоҳи Устопириён ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҳарду дар риштаи дзюдо), Анвар Юнусов (бокс), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод), инчунин Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) бо мураббиёни худ дар Деҳаи олимпӣ зиндагӣ ва тамрин мекунанд.
Зимнан, Дилшод Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ мебошад. Ин маросими пуршукӯҳ 5 август дар варзишгоҳи «Маракана”-и Рио-де-Жанейро баргузор мегардад. Олимпиадаи навбатӣ барои Дилшод Назаров чорумин ба шумор меравад.
Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия аз 5 то 21 август барпо мегарданд. Дар назар аст, ки дар ин Бозиҳо беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 206 кишвар ширкат варзанд. Дар қиёс бо Бозиҳои XXX тобистонаи олимпии соли 2012-ум дар Лондон ба барномаи Олимпиадаи Рио-2016 ду намуди нави варзиш – голф ва регби-7 – дохил карда шудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол шуруъ аз соли 1996 ширкат меварзанд. Ба ин тартиб, барои шашумин бор аст, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ беҳтарин варзишгарони кишвар намояндагӣ мекунанд.
Тақвими иштироки варзишгарони тоҷик дар Рио-2016
6-16 август, бокс
Анвар ЮНУСОВ, дар вазни то 56 кг
10 август, дзюдо
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг
12 август, дзюдо
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг
11-12 август, шиноварӣ
Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон
12-13 август, шиноварӣ
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон
15-17 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон
17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ
20 август, маросими супурдани медалҳо ба ғолиб ва ҷоизадорони мусобиқаи гурзандозӣ баргузор мешавад.
Инак, диққат ба бозиҳои Олимпӣ. Ба мунтахаби Тоҷикистон мухлисӣ мекунем!













Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






