Китоби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева ба табъ расид

Август 4, 2016 09:44

Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ман модарам» -чунин ном дорад китоби тозаэҷоди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева, ки чанде пеш нашрияи «Нашри мубориз» ба табъ расонид.
Гулсара Абдуллоева дар асари мазкур бо ҳаяҷон ва меҳру муҳаббат ба хонанда солҳои сипаришудаи ҳаёт, ёддошт ва андешаҳояшро пеши назар овардааст.
«Ӯ дар фазои маънавии мамлакат, намоишномаву филмҳои ҳунарӣ, барномаҳои бадеии телевизионӣ панҷоҳ нақши муқаддаси «Модар»-ро офаридааст, ки ҳар кадоме дар мақоми хеш камназиру аз нигоҳи симо, ифода, чеҳра, садову нидо ба ҳам шабоҳат надоранд». Ин сатрҳо аз сарсухани нависанда ва драматург, доктори фахрии фалсафа дар соҳаи адабиёт Абдуғаффори Абдуҷаббор бар асари мазкур аст.
«Модар», «Падар», «Гитис»-сарчашмаи меҳру сафо», «Шиносоии тақдирсоз», «Агар нагӯям гуноҳ», «Устодони азизи мо», «Духтари нозпарварди кино», «Тааҷҷуби Расул Ғамзатов», «Ман модарам», «Модари модарон», «Устод Нурҷонов, саломат бошед», «Ман ҳамонам ки…», «Нидои модар» аз асарҳои ин китобанд,  ки хонандаро бо муаллиф боз ҳам наздиктар месозанд.

Август 4, 2016 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд