Китоби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева ба табъ расид
Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ман модарам» -чунин ном дорад китоби тозаэҷоди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Гулсара Абдуллоева, ки чанде пеш нашрияи «Нашри мубориз» ба табъ расонид.
Гулсара Абдуллоева дар асари мазкур бо ҳаяҷон ва меҳру муҳаббат ба хонанда солҳои сипаришудаи ҳаёт, ёддошт ва андешаҳояшро пеши назар овардааст.
«Ӯ дар фазои маънавии мамлакат, намоишномаву филмҳои ҳунарӣ, барномаҳои бадеии телевизионӣ панҷоҳ нақши муқаддаси «Модар»-ро офаридааст, ки ҳар кадоме дар мақоми хеш камназиру аз нигоҳи симо, ифода, чеҳра, садову нидо ба ҳам шабоҳат надоранд». Ин сатрҳо аз сарсухани нависанда ва драматург, доктори фахрии фалсафа дар соҳаи адабиёт Абдуғаффори Абдуҷаббор бар асари мазкур аст.
«Модар», «Падар», «Гитис»-сарчашмаи меҳру сафо», «Шиносоии тақдирсоз», «Агар нагӯям гуноҳ», «Устодони азизи мо», «Духтари нозпарварди кино», «Тааҷҷуби Расул Ғамзатов», «Ман модарам», «Модари модарон», «Устод Нурҷонов, саломат бошед», «Ман ҳамонам ки…», «Нидои модар» аз асарҳои ин китобанд, ки хонандаро бо муаллиф боз ҳам наздиктар месозанд.








«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






