Коҳиш ёфтани ошкоркунии зарари молиявӣ аз рушди ҳукумати электронӣ дар кишвар дарак медиҳад
Душанбе, 05.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 43,6 миллион сомонӣ камтар зарари молиявӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз ҷониби аудиторони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораю муассисаҳои буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор гардидааст.
Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли коҳиш ёфтани ошкоркунии зарари молиявӣ дар муассисаю идораҳои буҷетии кишварро ба роҳандозии тартиби нави ҳисобдорӣ дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ, ки тавассути низоми электронӣ идора мегардад, рабт дод.
Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт: «Ба роҳ мондани низоми электронӣ /SGB.net/ дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ гузаронидани санҷишҳои аудитиро дар тамоми муассисаҳои буҷетӣ осон намуда, инчунин бештар аз 50% омилҳои коррупсиониро аз байн бурд. Низоми нав, ки тавассути компютер назорат мешавад, имконият медиҳад, ки тамоми муассисаҳои буҷетӣ ва ҳисоботи муҳосибин бо барномаи низоми идоракунии молиявӣ пайваст ва дохил гарданд».
Ҳамзамон Дилмурод Давлатзода, таъкид кард: «Тамоюли ба танзим даровардани низоми молиявӣ дар корхонаю муассисаҳои буҷетии кишвар сол ба сол боло рафта истодааст. Ва яке аз ҳадафҳои асосии кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам тақвияти ҳамкорӣ бо идораю ташкилоти буҷетӣ дар мавриди ҷилавгирӣ ва коҳиш додани ҳолатҳои коррупсионӣ ва дар ин замина таъмини шаффофияти буҷетӣ давлатист».
Ин дар ҳолест, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетии кишвар 215 санҷиши аудиторӣ гузаронида шуда, беш аз 41,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст.
Ин омор дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта як маротиба коҳиш ёфтааст, зеро аз 193 санҷиши дар шаш моҳи соли 2015 гузаронида шуда, 84,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида буд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






