Комроншоҳи Устопириён дар Рио-2016 бо чемпиони ҳафткаратаи Аврупо Варлам Липартелиани қувва меозмояд
Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Рақиби паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни то 90 килограм аз рӯи барномаи Бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Гурҷистон Варлам Липартелиани мебошад.
Варлам паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, соли 2015 дар Чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар вазни то 90 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардидааст. Ӯ чемпиони ҳафткаратаи Аврупо ва ғолиби бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam мебошад. Номбурда дар раддабандии ҷаҳонии зӯртарин варзишгарони дзюдо дар ҷои сеюм қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки қувваозмоии Комроншоҳ ва Варлам дар Олимпиадаи Рио 10 август соати 18 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






