Марҳамат ба «Машқҳои пагоҳирӯзӣ» ба хотири таҳкими тарзи ҳаёти солим!

Август 4, 2016 10:02

Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 6 августи соли равон ҳар рӯзи шанбе ҳамчун рӯзи варзиш соати 06:00 дар саросари мамлакат «Машқҳои пагоҳирӯзӣ» гузаронида мешавад.
Ин иқдом аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим ва тарғибу ташвиқи оммавияти варзиш роҳандозӣ гардидааст.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, дар шаҳри Душанбе ин чорабинӣ дар шаш макон, аз қабили Варзишгоҳи марказӣ, Боғи ғалаба, саҳни Театри опера ва балет, Сирки давлатӣ ва назди Шар-шараи боғи Наврӯзгоҳи пойтахт доир мешавад.

Август 4, 2016 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд