Намоиши аксҳо дар Россия бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Душанбе, 11.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Дар Владикавказ, пойтахти Ҷумҳурии Осетияи Шимолии Федератсияи Россия маросими ифтитоҳи намоиши аксҳои суратгири тоҷик, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Русия Шӯҳратҷон Ёров баргузор гардид. Намоиши фарҳангӣ ба 25-умин солгарди истиқлолияти ҶТ бахшида шудааст. Дар ин бора «Sputnik Тоҷикистон» зимни суҳбате бо аккос Ёров хабар додааст.
Ба гуфти аккос, ҳадафи асосии ӯ нишон додани дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 25-соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад.
Баъди чанд рӯз намоиши аксҳои суратгир дар Махачқалъа, пойтахти Ҷумҳурии Доғистон ва сипас дар пойтахти Русия шаҳри Москва баргузор мегардад.
«Бо суратҳои гирифтаи худ ман мехоҳам зебогиҳои диёрамонро ба дигар халқиятҳои ҷаҳон нишон бидиҳам, то онҳо аз зебогию табиати нотакрори Тоҷикистон ҳаловат баранд. Ман аз тамоми минтақаҳои кишварамон дидан кардам, дар чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ширкат варзидам. Ҳамаи суратҳоеро, ки барои намоиш интихоб шудаанд, ба ман хеле писанданд. Мавзӯъи намоишгоҳро метавон «25-соли истиқлолияти ҶТ» номид. То ҷашни бузурги давлатӣ ман мехоҳам симои имрӯзаи Тоҷикистонро ба дигар халқиятҳо нишон бидиҳам»,-иброз дошт аксбардор.
Ба қавли аккоси тоҷик, дар суратҳо ҳаёти гуногунранги мардуми Тоҷикистон нишон дода шудааст.
«Дар аксҳо тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон: сиёсат, иқтисод, фарҳанг, аксҳо аз чорабиниҳои фарҳангӣ, кӯдакон ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти тоҷикон таҷассум гардидааст. Ҳатто аксҳои Бимболат Ватаев-ҳунарманди мардумӣ, ки дар филмҳои «Ҳасани аробакаш», «Достони Рустам» ва «Достони Сиёвуш» нақши асосиро бозидааст, ба намоши гузошта шудаанд. Ман тасмим гирифтам, ки ин суратҳоро низ ба намоиш гузорам»,- зикр намудааст Шӯҳратҷон Ёров.











Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад






