Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: «Беҳтарин ғизо барои кӯдак шири модар аст!»
Душанбе, 05.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ таҳти шиори «Шири модар — калиди рушди устувор» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич ва муовини роҳбари намояндагии доимии Хазинаи кӯдакони Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон Марҷон Монтаземӣ иштирок намуданд.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни суханронии худ иброз дошт, ки шири модар бартариятҳои зиёде дорад. Кӯдаки ғизои сунъӣ истеъмолкунанда назар ба кӯдаке, ки шири модар истеъмол менамояд 15 маротиба бештар хатари ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шуданро дорад.
Ба гуфти Наврӯз Ҷаъфаров, беҳтарин ғизо барои кӯдак шири модар буда, ҷои онро чизе иваз карда наметавонад. Ширҳои сунъӣ дорои миқдори зиёди намакҳои натрий, калтсий ва фосфор ва ба организми кӯдак бенафъ мебошанд.
Ҳамчунин муовини вазири тандурустӣ илова намуд, ки барои таъмини кӯдак бо маводҳои гуногуни ғизоӣ аз рӯзи таваллуд то 6 моҳагӣ 56 қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст ва дар ҳолати 70 сомонӣ нарх доштани ҳар як қуттии ғизои сунъӣ он дар 6 моҳ 3920 сомониро ташкил медиҳад, ки ин ба буҷаи оила зарари зиёд ворид мекунад. Аз ин лиҳоз, беҳтарин ғизо барои кӯдак шири модар аст ва то синни 2 -солагӣ истемоли он ҳатмӣ мебошад.
Ҳамасола аз 1 то 7 август дар зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон ҳафтаи дастгирии синамаконӣ барои беҳтар намудани саломатии кӯдакон гузаронида мешавад.
Шурӯъ аз соли 2001 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳафтаи дастгирии маконидани шири модар ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август ба роҳ монда шудааст.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






