Парчами Тоҷикистонро дар маросими гузашти варзишгарон дар Рио-де-Жанейро гурзандози моҳир Дилшод Назаров боло бардошт

Август 6, 2016 10:46

Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 4-и субҳ ба вақти Душанбе дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ-2016 доир гардид.
Мунтахаби Тоҷикистон дар қатори варзишгарони дигар кишварҳо дар гузашти варзишгарон иштирок намуд.
Парчами Тоҷикистонро дар марсими гузашти варзишгарон гурзандози моҳир, ғолиби секаратаи Бозиҳои Осиё, чемпиони секаратаи Осиё, дорандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон-2015 Дилшод Назаров боло бардошт.
Дар доираи ин маросим дар варзишгоҳи машҳури «Маракана»-и Рио 12 ҳазор варзишгар аз 207 кишвари ҷаҳон, ки барои Бозиҳои тобистонаи олимпӣ шумораи рекордӣ ҳисобида шуд, дар гузашти варзишгарон иштирок намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз 5 то 21 август сурат мегиранд.

Август 6, 2016 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд