Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Турсунзода чанд иншооти варзиширо ифтитоҳ намуд

Август 11, 2016 10:06

Душанбе, 11.08.2016 / АМИТ «Ховар» /. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Турсунзода чанд иншоотҳои варзиширо барои мини-футбол ва футболи соҳилӣ ифтитоҳ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар маросими ифтитоҳи майдончаҳои нави варзишӣ ҳамчунин раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода ширкат варзиданд.
Бо иштироки онҳо се майдончаи футбол барои мини-футбол, аз ҷумла ду майдонча бо пӯшиши сунъӣ ва яке табиӣ, инчунин майдонча барои футболи соҳилӣ ба истифода супорида шуданд. Ин иншоотҳои варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи гуногун нигаронида шуда ва дорои инфрасохтори тараққикарда — ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва душ мебошад. Ҳамчунин дар ҳудуди иншооти нави варзишӣ осорхонаи футбол барои ҳифз ва намоиши як қатор номгӯи муҳими ҷоизаҳо ва нигораҳои хотиравии футбол таъсис дода шудааст. Иншоотҳои нави варзишӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари маҷмааи варзишии «Самандар-2»Бобоалӣ Табарзода бунёд шудааст.
Майдончаҳои варзишӣ туҳфаи рамзӣ ба шаҳри металлургҳои тоҷик дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Майдончаҳои нави варзишӣ, ки тамоми фаслҳои сол барои бозӣ мутобиқанд, чун маркази гузаронидани машқҳо ва бозиҳои футболи хурд ва соҳилӣ дар байни дастаҳои кӯдакону ҷавонон ва ҳатто калонсолон хизмат хоҳанд кард.

Август 11, 2016 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд