Рақиби Анвар Юнусов-Робсон Консейсао чемпиони олимпӣ шуд

Август 19, 2016 15:54

Душанбе, 19.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муштзани  бразилӣ Робсон Консейсао дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-2016 дар мусобиқа оид ба бокс миёни мардон дар вазни то 60 кило баромад намуда, тамоми ҳарифони худро дучори шикаст сохт ва  ба даври финалӣ расид. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд
Дар сабқати даври ниҳоӣ Робсон Консейсао муштзани фаронсавӣ Софян Умиаро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд ва унвони чемпиони олимпиро ба даст овард.
Нишони нуқраро аз рӯи тартиб дар ин мусобиқа Софян Умиаи фаронсавӣ ба гардан овехт.
Хотиррасон менамоем, ки ду ҷойи сеюм насиби муштзанҳои Кубаву Муғулистон Ласаро Алварес ва Доржнямбуугийн Отгондалай гардид.
Дар даври дуюми рақобатҳо оид ба бокс миёни мардон дар вазни то 60 кило дар Рио рақиби муштзани шинохтаи тоҷик Анвар Юнусов маҳз ҳамин варзишгари бразилӣ Робсон Консейсао буд. Чун дасти варзишгари тоҷик лат хӯрда буд, сабқат бо пирӯзии Консейсао ба поён расид.

Август 19, 2016 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд