Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дилшод Назаровро табрик намуд

Август 22, 2016 09:58

Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода  варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро барои дар давраи ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ба даст овардани ғолибият табрик намуд.
Муҳаммадюсуф Имомзода, аз ҷумла гуфт: «Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи ҷашни биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатӣ Парчами тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия партавафшон гашт ва ин ба талошҳои варзишгари шинохта Дилшод Назаров тавъам аст.
Донишгоҳи миллӣ бо шумули тамоми устодону донишҷўён, аспирантону докторантон ин пирӯзиро ба Дилшод Назаров ва ба ҳама шаҳрвандони кишвар табрик намуда, барояш дар зиндагиву варзиш тани сиҳат ва комёбиҳои нав таманно доранд.
Бигзор Парчами тоҷик ҳамеша партавафшону оламгир бошад!».

Август 22, 2016 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ