Рио-2016: варзишгари тоҷик Олим Қурбонов ҷои чорумро гирифт

Август 12, 2016 12:07

Душанбе, 12.08.2016./АМИТ “Ховар”/. Олим Қурбонов, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқоти шиноварӣ аз рӯи барономаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ чаҳорум шуд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Олим Қурбонов дар сабқати шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод, ки рӯзи 11 август дар Қасри шиноварии олимпии Рио-де-Жанейро баргузор шуд, дар гурӯҳи худ дар байни ҳашт нафар бо натиҷаи 25,77 сония мақоми чорумро касб кард. Дар ин гурӯҳ Ҳилол Ҳамид аз Танзания бо натиҷаи 23,70 сония ғолиб ва сазовори медали тилло гардид.

Дар ин қувваозмоӣ аз рӯи шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод ҳамагӣ 85 шиновар ширкат намуданд. Олим аз 23 нафари онҳо пеш гузашт ва дар ҷойи 62-юм қарор гирифт.

Дар мусобиқоти интихобӣ Андрей Говоров аз Украина бо натиҷаи 21,49 сония ҷойи аввалро гирифт. Натан Адриан аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо натиҷаи 21,61 сония дувум ва ҳамватанаш Антони Эрвин бо натиҷаи 21,63 сония севум шуданд.

Ҳамин тариқ, Олим Қурбонов аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот ва идомаи мубориза барои медалҳои олимпӣ маҳрум гашт.

Зимнан, Олим Қурбонов, ки дар ҳайати тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои аввалин бор дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, имсол мактаби миёнаи рақами 8-и Душанберо хатм карда, ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов дохил шудааст.

Алӣ-Сомон Алиаҳмадзода, мураббии Олим Қурбонов дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфтааст, ки натиҷаи нишондодаи шогирдаш  имкон медиҳад, ки ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ширкат варзад. Вай гуфтааст, «дар Бозиҳои олимпӣ ҳамроҳи зӯртарин шиноварони олам, ба мисли Майкл Фелпси амрикоӣ ширкат кардан барои ҳар як варзишгар ифтихор аст. Умедворам, ки Олим Қурбонов торафт натиҷаҳои худро беҳтар менамояд ва дар Олимпиадаи соли 2020-ум бо литсензия ё роҳхат иштирок мекунад.”

 Тақвими мусобиқоти варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Рио-2016

12 август, дзюдо

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, дар вазни +100 кг

12 август, шиноварӣ

Анастасия Тюрина, бо тарзи озод дар масофаи 50 метр миёни занон

15 август, варзиши сабук

Кристина Пронженко, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ

Дилшод Назаров

 

 

Август 12, 2016 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд