«Сайри харбуза ва иди асал» дар Хуҷанд доир гардид

Август 8, 2016 13:43

Хуҷанд, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар» /. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати кишоварзии вилоят дар  шаҳри  Хуҷанд  чорабинии «Сайри харбуза ва иди асал» ва намоиш —  фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  баргузор гардид.
Дар намоиш — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  беш аз 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз  ҷумла 305 тонна харбуза, 40 тонна тарбуз, 42 тонна каду ва 46 тонна асал  гузошта шуд. Деҳқонони 10 ноҳияҳои кишоварзии вилоят 21 намуди харбуза, аз ҷумла оби набот, оби наботи турдор, амирӣ,  курбонӣ, қирмизӣ, бурикалла, мирзочулӣ,  шакарпалав, лубиёгиро пешкаши иштирокдорону меҳмонон гардониданд.
Сайри харбуза ва иди асал  дар Суғд аз соли 2007 гузаронида шуда, ин навбат низ дар рафти он якчанд озмунҳо ташкил ва гузаронида шуд. Аз ҷумла, озмуни  кӣ бештар аз ҳама бисёртар харбуза истеъмол карда метавонад, гузаронида шуд, ки дар он 10 нафар иштирок дошта, ғолибият насиби иштирокчиёни ноҳияҳои Мастчоҳ, Конибодом ва  Исфара  гардид.  Дар намуди ороиши хаймаи беҳтарин ва харбузаи болаззат бошад, се ҷои аввалро деҳқонони ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров ва Масчоҳ ишғол намуданд.
Дар анҷом ғолибон ва ширкаткунандагони фаъол бо мукофотҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Август 8, 2016 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд