Суруди муҳаррири мусиқии Радиои «FM-Ховар» дар интернет ҳангома ба бор овард

Август 6, 2016 15:33

Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Видеоклипи суруди овозхони ҷавони тоҷик, муҳаррири мусиқии Радиои «FM-Ховар» Соҳиб Назриев бар яке аз ғазалҳои маънавӣ ва пандомӯзи Саъдӣ «Вой-вой» дар YouTube  шумораи зиёди тамошобинро пайдо карда, миёни истифодабарандагони форсизабони шабакаи Facebook ҳангома ба бор овард.

То 6 август дар YouTube ин клипро  14000 нафар тамошо кардаанд. Дар як шабонарӯз ин клипро қариб 5 ҳазор нафар тамошо намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки муаллиф ин сурудро ҳанӯз як сол қабл эҷод карда буд ва он дарҳол суруди дурахшанда дар бисёр сомонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, ба мисли topvideo.tj, ipoisk.org, votekara.org, wasbur.com, moozic.ru, loviesmusic.ru, pesnik.su, muz-info.org, fan-musicclub.ru, mogilevska.net, vistavdi.com ва ғайраҳо гашт. Суруд дар бораи алами мӯсафеде, ки ҷавониро беҳуда гузаронида, фурсатро барои корҳои хайр истифода накардааст, нақл мекунад. Дар ҷавонӣ неруву тавони зиёд ҳаст, ки имкон медиҳанд корҳои хайри бисёреро анҷом диҳӣ, вале, мутаассифона, бисёриҳо ин лутфу марҳамати Илоҳиро барои анҷоми корҳои нек истифода накарда, баръакс корҳои бад анҷом медиҳанд. Маҳз ҳамин шояд ҳаводорони мусиқӣ ва каломи бадеъро бетараф нагузошт.

Ёдовар мешавем, ки Соҳиб Назриев дар шаҳри Душанбе, дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст. Падари ӯ Исмоил Назриев, амакаш Давлат Назриев ва бобои марҳумаш, Ҳофизи халқии Тоҷикистон  Абдулло Назриев ба шарофати оҳангҳои хушу форам ва сурудҳои рӯҳнавоз дар кишвар маъруф шудаанд.

 

 

Август 6, 2016 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид