Узбекистон — аввалин рақиби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2016
Душанбе, 31.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аввалин бозиашро дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Осиё-2016 миёни бозингарони то 19-сола, ки аз 13 то 30 октябри соли равон дар шаҳри Манамаи Баҳрайн баргузор мешавад, бо дастаи Узбекистон баргузор мекунад. Ин бозии даври аввали гурӯҳи D 15 октябр дар варзишгоҳи «Халифа Спорт Сити» доир мешавад.
Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 16 октябр муқобили дастаи мунтахаби ҷавонони Чин бозӣ мекунанд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн доир хоҳад шуд. Бозии ниҳоии сабқати гурӯҳиро дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 21 октябр дар Варзишгоҳи миллии Баҳрайн бо тими Австралия анҷом медиҳад.
Дар мавриди роҳ ёфтан ба даври баъдӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «С» — Қатар, Ҷопон, Яман ё Эрон рақобат хоҳад намуд.
Бояд гуфт, ки дар чемпионати ҷавонони Осиё-2016 дар Баҳрайн дастаҳо барои чаҳор роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ мубориза мебаранд.
Агар дар Манама Кореяи Ҷанубӣ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёбад, он гоҳ дастае, ки дар Чемпионати Осиё-2016 ҷойи панҷумро мегирад, соҳиби роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон-2017 мешавад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






