Варзишгари тоҷик Муҳаммамурод Абдураҳмонов бо паҳлавони Куба қувва меозмояд
Душанбе,08.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Рақиби паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар нахустин даври мусобиқоти дзюдо дар вазни беш аз 100 килограмм аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия варзишгари Куба Алекс Гарсиа Мендоза мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Алекс Гарсиа Мендоза паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, ҷоизадори бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскулоҳи бузург) аст.
Қувваозмоии Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Алекс Гарсиа Мендоза дар Олимпиадаи Рио рӯзи 12-уми август соати 10-и пагоҳӣ ба вақти маҳаллӣ ва соати 18-и бегоҳӣ ба вақти Душанбе шурӯъ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар байни варзишгарони тоҷик, ки дар Олимпиадаи Рио ширкат мекунанд, баъди муштзан Анвар Юнусов ва дзюдочӣ Комроншоҳи Устопириён севумин шуда ба мусобиқа мепардозад.








Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






