БМТ: Кӯшишҳо барои баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ
Душанбе, 21.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо котиби иҷроияи Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм В. Нечаев мулоқот намуд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мулоқоти мазкур дар доираи барномаи семинарҳои Гурӯҳи Авросиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни мулоқот ва мубодилаи афкор ҷонибҳо изҳор доштанд, ки семинарҳои мазкур барои тақвияти ҳамкории муштарак байни мақомоти давлатӣ ва намояндагони бахши хусусӣ бо мақсади муттаҳид намудани кӯшишҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ ва амалҳои муштарак дар ҷодаи идораи самараноки хавфҳои марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо ва маблағгузории терроризм мусоидат хоҳад кард.
Шоистаи зикр аст, ки семинари ГАО дар хусуси омодагӣ ба даври дуюми баҳодиҳии тарафайн оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-21 сентябр барои намояндагони воҳиду сохторҳои давлатӣ ва 22 сентябр барои намояндагони бахши хусусии кишвар дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида мешавад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






