Дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз толори варзишии «Вастан» ифтитоҳ шуд
Дарвоз, 30.09. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори соҳибкорони ватанӣ дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз толори замонавии мавсум ба «Вастан» дари худро ба рӯи варзишгарон боз намуд. Мутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ин ноҳия Файз Султонов гуфт, ки чаро ин толори барҳаво ва зебо маҳз дар деҳаи Ёгеди ҷамоати Нулванд бунёд карда шуд? Зеро ин деҳа аз давраҳои хеле пеш бо паҳлавонони бо маҳорати худ дар саросари кишвар ном баровардааст. Ин анъанаро имрӯз наврасону ҷавонон идома дода, даҳҳо нафар дар сабқатҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он шарафи варзишии кишварро сарбаландона ҳифз намудаанд. Чанде пеш зодаи ҳамин деҳа Назриддин Саноев дар миёни собиқадорони ҷаҳон унвони қаҳрамониро аз худ кард.
Ҳоло дар ин толор чаҳор гурӯҳ дар намудҳои гӯштини самбо, дзюдо ва миллӣ тамрин мекунанд. Пас аз муҳайё шудани чунин шароити мусоид теъдоди варзишгарон низ рӯ ба афзоиш мениҳад, ки ин имконият медиҳад мураббиён беҳтаринҳоро баргузида, ба сабқатҳои сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ омода намоянд.
Файз Султонов ба соҳибкорони ватанӣ Шералӣ Кабиров ва Нуралӣ Шарифов, ки дар муддати як сол ин толори зеборо бунёд карданд, миннатдорӣ баён намуда, изҳори умедворӣ кард, ки аз ин ба баъд дигар соҳибкорони маҳаллӣ ҳам чунин иқдомро идома медиҳанд.