Дар шаҳри Боку Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистонро бошукӯҳ таҷлил карданд

Сентябрь 13, 2016 11:33

Душанбе, 13.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябри соли равон дар шаҳри Боку ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон зиёфати расмӣ барпо гардид.
Дар маросими мазкур вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон Салим Муслимов ба сифати меҳмони фахрӣ иштирок намуд. Дар ҳамоиши мазкур инчунин гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ, сафирон ва дипломатҳои хориҷии муқими шаҳри Боку, намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвар ва расонаҳо, аҳли илму фарҳанги кишвари иқомат ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик ҳузур доштанд.
Дар суханони шодбошии худ сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Зохир Саидов аз аҳамияти сарнавиштсози Истиқлол дар ташаккул ёфтани давлатдории навини тоҷикон бо роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ва ба такомули он дар роҳи сулҳ ва пешрафту шукуфоӣ таъкид намуд. Ӯ иброз дошт, ки эҳёи истиқлилоят пас аз ҳазор сол ба мардуми тоҷик шароит фарҳам овард, ки пуштибонӣ аз таърих, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллии худ намояд.
Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Озарбойҷон Салим Муслумов аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи миллии истиқлолият табрику таҳният гуфта, аз ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи миёни Тоҷикистону Озарбойҷон ёдовар шуда, инчунин аз нақшаҳои ояндаи ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ сухан гуфт.
Ба диққати ҳозирин намоишгоҳи аксҳо аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият, дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла: сиёсат, иқтисод, фарҳанг, варзиш ва маориф, инчунин маводи таблиғотӣ бо акси табиати беназир ва иқтидори сайёҳии бойи Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Ҷамъомади мазкур бо намоиши рақсҳои миллӣ ва сабти видеоӣ оид ба Тоҷикистон  анҷом пазируфт.

Сентябрь 13, 2016 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд