Футбол. Фаластин-Тоҷикистон- 1:1. Мусовие, ки оғозаш ба ғалаба наздик буд

Сентябрь 7, 2016 09:33

Душанбе, 7.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстонаи худ дар шаҳри Алхалилии (Хиврон) Фаластин бо тими мунтахаби соҳибони майдон вохӯрда, бозиро бо натиҷаи 1:1 мусовӣ анҷом дод.
Дар қисми аввали бозӣ футболбозони мо ҳамлаҳои соҳибони майдонро бартараф карда, рафти вохӯриро таҳти назорати худ гирифтанд ва се нафар бозингарони мо- Умедҷон Шарифов, Парвизҷон Умарбоев ва Манучеҳр Ҷалилов бозии моҳиронаи зебоеро ба анҷом расонида, бо зарбаи Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 39-ум ҳисобро боз карданд. Дар нимаи дуввуми рақобат аз ҷазои 11-метра соҳибони майдон тавассути зарбаи Карлос Салом ба ҳисоби бозӣ тағйир ворид карданд ва ҳисобро баробар намуданд. Ҳарчанд дарвозабони дастаи мо самти парвози тӯбро дуруст муайян кард, аммо тӯб хати дарвозаро убур намуд. Боқӣ бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн сурат гирифт ва миллипӯшони мо наздик буданд, ки борҳо ҳисобро тағйир диҳанд, аммо бахташон нахандид. Аз тарафи дигар ҳакамии довари майдон Мурод Аҳмад Бахит Аззавареҳи урдунӣ, ки таваҷҷуҳаш ба ғалабаи соҳибони майдон бештар буд, ба бозии бачаҳои мо дар баъзе ҳолатҳо халал расонд.
Натиҷаи мусовӣ ва ҳунарнамоии чашмраси футболбозони мо, ки ҳайати асосиашро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба дилҳо умед мебахшад. Ду мусовии охир бо дастаҳои мунтахаби арабӣ- Сурия ва Фаластин, ки яке дар раддабандии ҷаҳонӣ дар зинаи 105 ва дигаре дар ҷои 115 қарор доранд, барои дастаи мунтахаби мо натиҷаи мусбат аст.
Ҳайати тими мунтахаби мо дар ин вохӯрӣ чунин буд:
Абдуазиз Маҳкамов, Эраҷ Раҷабов, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарифов (Фарҳод Тоҳиров, 63), Умедҷон Шарифов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 63), Нуриддин Давронов (капитан, Ойбек Абдуғаффоров, 90+3), Нозим Бобоҷонов (Муҳаммадҷони Ҳасан, 80), Парвизҷон Умарбоев (Ҷаҳонгир Эргашев, 81), Манучеҳр Ҷалилов (Аҳтам Ҳамроқулов, 85).

Сентябрь 7, 2016 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Машғулият оид ба таҳлили бозиҳо барои мураббиёни лигаҳои наврасони Тоҷикистон оид ба футбол идома дорад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид гардид
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба футзал мусовӣ анҷом ёфт
«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дастаи кӯдакони ноҳияи Лахш соҳиби ҷойи аввал гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар доираи машқҳои таълимӣ ду бозии санҷишӣ доир кард
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Аморати Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад