Гурӯҳи 60-нафараи ҷавонон ба ноҳияҳои минтақаи Рашт сафар карданд

Сентябрь 14, 2016 09:09

Душанбе, 14.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 13 сентябри соли равон як гурӯҳи 60-нафараи ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зери шиори «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25 — соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба минтақаи Рашт сафар намуданд.

Сафари ҷавонон аз 13 то 16 сентябр ба нақша гирифта шуда, дар ин муддат онҳо  бо зиндагиву фаъолияти ҳамсолонашон дар ноҳияҳои Рашт, Тавилдара, Лахш, Тоҷикобод ва Нуробод ошно мегарданд.

Дар рӯзи аввали сафар баҳри шиносоӣ ва болидахотирии меҳмонону ҷавонон барномаи фарҳангӣ-фароғатии «Шоми ошноӣ» бо афрӯхтани гулхан ва муаррифии истеъдодҳо баргузор карда шуд.

Сентябрь 14, 2016 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид