Ифтитоҳи Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Сентябрь 13, 2016 11:45

Душанбе, 13.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Худи ҳамин рӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд.

Сарвари давлат нахуст дар Ҷамоати деҳоти “Деҳмой”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, ки ба тозагӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, боздид ба амал оварданд.

Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар Маркази мазкур ҳанӯз моҳи июни соли 2014 оғоз гашта, аз ҷониби ҶДММ «Давлат-1» дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон расонида шудааст.

Ҷои зикр аст, ки Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки Рушди Олмон таъмир ва таҷдид гардидааст.

Тавре ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, барои корҳои таҷдиду азнавсозии Маркази мазкур 27,4 млн. сомонӣ сарф шудааст. Аснои шиносоӣ, Пешвои миллат ба корҳои азнавсозӣ ва ҷиҳозонидани ин иншооти муҳими тандурустӣ баҳои баланд доданд.

Тавре маълум гардид, дар баробари таҷдиду азнавсозӣ, Маркази мазкур бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ин имкон хоҳад дод, ки кормандони Марказ бо истифодаи муосиртарин дастгоҳҳои соҳавӣ гирифторони бемории силро саривақт ташхису табобат намоянд. Бояд гуфт, ки Марказ дорои 200 ҷойи хоб, ҳуҷраҳои корӣ, утоқи рентгенӣ, ҳуҷраи занона ва утоқҳои алоҳида барои ташхису табобат буда, дар онҳо беҳтарин шароиту имкониятҳои хизматрасонии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.

Қобил ба тазаккур аст, ки баъди таҷдиду азнавсозӣ ва мавриди истифода карор гирифтани Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил,  175 нафар, аз ҷумла 18 табиб, 64 корманди миёнаи тиб ва 93 нафар кормандони соҳаҳои дигар бо ҷойи кор ва маоши миёнаи 900 сомонӣ таъмин карда шуданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо ҳангоми мулоқот бо кормандони соҳаи тибби вилояти Суғд аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз шароитҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат ба аҳолӣ хизмати саривақтии тиббӣ расонанд.

Сентябрь 13, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд