Локомотиви магистралӣ ва қатораи дизелии мусофирбар- армуғони идона аз «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
Душанбе, 06.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ 25 — солагии Истиқлолияти давлатии кишвар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамчун армуғони идона як локомотиви магистралии замонавӣ ва як қатораи дизелии мусофирбарӣ харид, ки рӯзи 24 август ҳангоми ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб (қитъаи Ваҳдат — Ёвон) мавриди истифода қарор гирифтанд.
Тавре ки аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд, локомотиви харида 5- умин локомотив аст, ки аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар асоси шартномаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо «Роҳи оҳани Қазоқистон» харида шуд. Бартарияти он аз дигар локомотивҳо дар он аст, ки сарфиёти сӯзишвориаш камтар буда, бо таҷҳизоти электронӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Иқтидори он 4564 қувваи асп буда, аз ҷиҳати экологӣ ба талабот ҷавобгӯ аст.
Қатораи дизелӣ аз Ҷумҳурии Эстония оварда шуд, ки аз 6 вагон барои 568 ҷой иборат аст. Ду вагони охиру аввал 68 ҷой, 3 вагон 128 ҷой ва як вагон 48 ҷой доранд. Ин қатора муҳаррики истеҳсоли олмонӣ дошта, дар як километр 1, 5 литр сӯзишворӣ сарф мекунад. Қатораи мазкур бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он тамоми шароит барои мусофирон фароҳам оварда шудаанд.
Бояд зикр кард, ки дар ин рӯзи фараҳбахш ҳамзамон хатсайри нави мусофирбарии Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ва Душанбе-Қурғонтеппа — Хушодӣ кушода шуд, ки дар он ҳафтае ду маротиба қатора ҳаракат мекунад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






