«Мақоми Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати хориҷии Тоҷикистон»- конфронси илмӣ- назариявӣ дар ДДҲБСТ

Сентябрь 23, 2016 09:03

Душанбе, 23.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вилояти Суғд конфронси илмӣ таҳти унвони «Мақоми Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати хориҷии Тоҷикистон» доир гардид.
Дар конфронс вобаста ба нақши барҷаста ва талошҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, аз ҳуқуқшиносони оянда даъват ба амал оварда шуд, ки пайрав ва ибратомӯзи фаъолияти чунин фарзанди фарзонаи миллат бошанд.
Дар конфронси илмӣ-назариявӣ олимон, дотсентон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар мавзӯъҳои «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-сарвари ҳокимияти иҷроия», «Саҳми Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар инкишофи ҳуқуқи соҳибкорӣ», «Нақши Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойдевор ва истиқлолияти устувори Тоҷикистон» ва «Назаре ба зиндагиномаи Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» маърўзаҳои пурмазмун намуданд.

Сентябрь 23, 2016 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд