Милитсия ҷавонзани васвосӣ- қотили ду хурдсолро дастгир намуд
Душанбе, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти милитсияи шаҳри Истаравшан ҷавонзанеро боздошт намуданд, ки дар куштори ду кӯдаки хурдсол даст дорад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гумонбаршаванда шаҳрванд Мавлудаи Зиёдулло, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан дар як ҳолат писари хоҳаршӯй ва дар ҳолати дигар духтарчаи бародари худро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
Ҳар ду ҷиноят дар фосилаи як ҳафта содир гардида, касе аз наздикон аз ҷинояти бадқасдона ва марги маҷбурӣ будани ҳолати ба амаломада пай набурдааст. Асрори ҷиноятҳо вақте ифшо гардид, ки аз дасти ин зан аллакай хурдсоли дуюм аз ҳаёт маҳрум гашт. Дар ҳарду ҳолат пайвандон фарзандони хурдсоли худро барои муваққатан нигаҳбонӣ ба Мавлуда месупоранд.
Марги хурдсол Шафиев Абубакри якунимсола 29 августи соли равон дар хонаи бобои модариаш, ки Мавлуда келини ин хонадон аст, ба вуқӯъ пайваст. Пайдо кардани ҷисми беҷони кӯдаки солим дар дохили гаҳвора ҳарчанд ҳодисаи ғайричашмдошт буд, аммо шубҳаи касе аз наздиконро ба вуҷуд наовард ва бо гумони он, ки ҳалокати хурдсол марги табиист, бе хабар додан ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро ба хок месупоранд.
Аммо дар асл сабаби марг бастани роҳи нафас аст, ки ин кирдори ҷиноятӣ аз тарафи гумонбаршаванда Мавлудаи Зиёдулло, ки хоҳари шавҳараш нигаҳбонии фарзанди хурдсолашро ба ӯ бовар карда буд, содир шудааст. Баъдан дар рафти ҳаракатҳои тафтишотӣ, аз ҷумла кушодани қабр (эксгуматсия) ва гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ аломатҳои марги маҷбурӣ будани фавти хурдсол дақиқ карда шудаанд.
Рух додани ҳодисаи дуюм шубҳаи гурӯҳи тафтишотиро аз рӯи ҳаракатҳои гумонбаршаванда ба вуҷуд овард ва дар натиҷа асрори марги хурдсолон ошкор гардид.
4 сентябр дар хусуси бе нишон гум шудани хурдсол Бобоева Фотима, таърихи таваллудаш 8 феврали соли 2015 ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан ариза ворид гардид. Бо гузашти як рӯз ҷасади хурдсол дар дохили ҳуҷра зери ғарами кӯрпаҳо дарёфт гардид. Ҳарчанд ин ҳолат шабоҳати ҳодисаи нохуш ва беэҳтиётӣ дошт, дари қулф кардашудаи ҷойи ходиса шубҳаовар менамуд. Хурдсол ба Мавлудаи Зиёдулло фарзанди бародар мебошад. Дар ин ҷиноят гумонбаршаванда бо истифода аз кӯрпача роҳи нафаси хурдсолро баста ба ҳалокат расонидааст.
Сабаби чунин кирдори гумонбаршаванда то ҳол норӯшан аст, зеро вайронии муносибати ӯ бо волидайни хурдсолон, ки боиси интиқомгирӣ гардида бошад, мавҷуд нест. Зоҳиран ҳам нуқсе дар саломатии ҷисмонӣ ва равониаш дида намешавад. Васвосӣ ё ба истилоҳ маняк ва доштани ҳиссиёти бадбинӣ нисбат ба кӯдаконро тафтишот ба гумонбаршаванда нисбат медиҳад. Ҷои зикр аст, ки зимни тафтишоти пешакӣ хулосаи ташхиси мутахассиси равоншинос гирифта хоҳад шуд.
Феълан аз рӯи далелҳои мазкур нисбат ба Мавлудаи Зиёдулло бо моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршаванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд






