Милитсия ҷавонзани васвосӣ- қотили ду хурдсолро дастгир намуд

Сентябрь 21, 2016 08:01

Душанбе, 21.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти милитсияи шаҳри Истаравшан ҷавонзанеро боздошт намуданд, ки дар куштори ду кӯдаки хурдсол даст дорад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гумонбаршаванда шаҳрванд Мавлудаи Зиёдулло, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан дар як ҳолат писари хоҳаршӯй ва дар ҳолати дигар духтарчаи бародари худро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.
Ҳар ду ҷиноят дар фосилаи як ҳафта содир гардида, касе аз наздикон аз ҷинояти бадқасдона ва марги маҷбурӣ будани ҳолати ба амаломада пай набурдааст. Асрори ҷиноятҳо вақте ифшо гардид, ки аз дасти ин зан аллакай хурдсоли дуюм аз ҳаёт маҳрум гашт. Дар ҳарду ҳолат пайвандон фарзандони хурдсоли худро барои муваққатан нигаҳбонӣ ба Мавлуда месупоранд.
Марги хурдсол Шафиев Абубакри якунимсола  29 августи соли равон дар хонаи бобои модариаш, ки Мавлуда келини ин хонадон аст, ба вуқӯъ пайваст. Пайдо кардани ҷисми беҷони кӯдаки солим дар дохили гаҳвора ҳарчанд ҳодисаи ғайричашмдошт буд, аммо шубҳаи касе аз наздиконро ба вуҷуд наовард ва бо гумони он, ки ҳалокати хурдсол марги табиист, бе хабар додан ба ягон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро ба хок месупоранд.
Аммо дар асл сабаби марг бастани роҳи нафас аст, ки ин кирдори ҷиноятӣ аз тарафи гумонбаршаванда Мавлудаи Зиёдулло, ки хоҳари шавҳараш нигаҳбонии фарзанди хурдсолашро ба ӯ бовар карда буд, содир шудааст. Баъдан дар рафти ҳаракатҳои тафтишотӣ, аз ҷумла кушодани қабр (эксгуматсия) ва гузаронидани ташхиси судӣ-тиббӣ аломатҳои марги маҷбурӣ будани фавти хурдсол дақиқ карда шудаанд.
Рух додани ҳодисаи дуюм шубҳаи гурӯҳи тафтишотиро аз рӯи ҳаракатҳои гумонбаршаванда ба вуҷуд овард ва дар натиҷа асрори марги хурдсолон ошкор гардид.
4 сентябр дар хусуси бе нишон гум шудани хурдсол Бобоева Фотима, таърихи таваллудаш 8 феврали соли 2015 ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан ариза ворид гардид. Бо гузашти як рӯз ҷасади хурдсол дар дохили ҳуҷра зери ғарами кӯрпаҳо дарёфт гардид. Ҳарчанд ин ҳолат шабоҳати ҳодисаи нохуш ва беэҳтиётӣ дошт, дари қулф кардашудаи ҷойи ходиса шубҳаовар менамуд. Хурдсол ба Мавлудаи Зиёдулло фарзанди бародар мебошад. Дар ин ҷиноят гумонбаршаванда бо истифода аз кӯрпача роҳи нафаси хурдсолро баста ба ҳалокат расонидааст.
Сабаби чунин кирдори гумонбаршаванда то ҳол норӯшан аст, зеро вайронии муносибати ӯ бо волидайни хурдсолон, ки боиси интиқомгирӣ гардида бошад, мавҷуд нест. Зоҳиран ҳам нуқсе дар саломатии ҷисмонӣ ва равониаш дида намешавад. Васвосӣ ё ба истилоҳ маняк ва доштани ҳиссиёти бадбинӣ нисбат ба кӯдаконро тафтишот ба гумонбаршаванда нисбат медиҳад. Ҷои зикр аст, ки зимни тафтишоти  пешакӣ хулосаи ташхиси мутахассиси равоншинос гирифта хоҳад шуд.
Феълан аз рӯи далелҳои мазкур нисбат ба Мавлудаи Зиёдулло бо моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршаванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Сентябрь 21, 2016 08:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад