Муъминобод: Иштироки фаъолона дар Дави миллӣ

Сентябрь 3, 2016 10:41

Душанбе, 3.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ноҳияи Муъминобод Дави миллӣ баргузор гардид, ки дар он беш аз 894 нафар ҷавонон ширкат варзиданд. Иштирокдорон ба масофаи то 3 километр давиданд.
Имрӯзҳо дар ноҳия бо ҳамкории Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабиниҳои гуногуни варзишӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот идома дошта, байни мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои қудратӣ гузаронида мешаванд.
Дар давоми 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони ноҳияи Муъминобод дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, 1300 медал ба даст овардаанд, ки 67 адади он аз мусобиқаҳои байналмиллалӣ мебошад.

Сентябрь 3, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид