Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар рушди қонунгузории муосир
Душанбе, 6.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби академик Маҳкам Маҳмудзода дар ҳаммуаллифӣ бо профессор Сотиволдиев Р.Ш. нашри дуюми китоби «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти он дар рушди давлати соҳибистиқлол» рўи чоп омад.
Китоби мазкур нахустин махзани илмию амалӣ мебошад, ки дар он сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба муосир дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ, аз қабили эҳёи анаъанаҳои демократии таҳияву қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгў ба манфиатҳои олии миллату давлат ва шароити муосири ташаккули ҷомеаи навини тоҷикон мавриди омўзишу таҳлил қарор дода шудааст.
Дар ин махзани нодир аз ҷониби муаллифон ба татбиқу истифодаи васеи ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тўли даврони истиқлоли миллӣ, ки ба хотири ташкилу таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар, рушди қонунгузории миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккул ва инкишофи озодонаи ҳар фард, таъмини мустақилияти сиёсию иқтисодии давлат, пешбурди сиёсати сулҳҷўёна, афзудани эътибори байналмилалии кишвар, таъмини суботи сиёсию иҷтимоии ҷомеа, амалишавии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат, таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ ва танзими муносибатҳои мухталифи ҷамъиятӣ равона гардидааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шудааст.
Таҷрибаи миллии амалӣ гаштани ташаббусҳои қонунгузории Пешвои миллат, ки тибқи он қонунҳо қабл аз пешниҳод ба Парлумон ба муҳо-кимаи умум манзур карда мешаванд, дар ин китоб инъикос гардида, ин раванди демократии қабули қонун ҳамчун таҷрибаи нодиру манфиатовар ва ифодакунандаи ҳадафҳои миллии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ ва сарбаланду тамаддунофари тоҷик арзёбӣ карда шудааст.
Умуман дар ин китоб аҳамияти ташаббуси қонунгузории Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол мавриди таҳлили муаллифон қарор гирифта, истифодаи васеи китоби мазкур аз ҷониби субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ зимни пешбурди фаъолияти қонунэҷодкунӣ тавсия карда мешавад.








Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд






