Ҷоиза муборак! Имрӯз Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст ва ғолибон мукофотонида шуданд
Душанбе, 06.09.2016./АМИТ “Ховар”/. Имрўз дар Душанбе даври ниҳоии Мусобиқаи ҷумҳуриявии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи 24 феврали соли равон идома эълон шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Дар расми мукофотсупорӣ ба ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Комиссияи Мусобиқа Азим Иброҳим изҳор дошт, ки дар маҷмўъ наздик ба 412 ҳазор оила аз 300 ҳазор хонавода, 4144 деҳа, 370 деҳот, 57 шаҳрак, 52 ноҳия, 16 шаҳр, 3 вилоят ва 60 мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ дар Мусобиқа иштирок намуда, аз ҷониби комиссияҳо тибқи варақаҳои арзёбӣ баҳогузорӣ гардидаанд.
Ба ғолибони Мусобиқа аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоиза, нишони хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Зимни супоридани ҷоиза, нишони хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки озмуну мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ яке аз омилҳои муҳими шарикии байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, бо ин васила сокинони кишвар аз дастовард ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо огаҳии бештар пайдо менамоянд. Тавре гуфта шуд, иштироки фаъоли ҷомеаи мамлакат дар ин мусобиқа бори дигар ҷонибдорию пуштибонии сокинони мамлакатро аз сиёсати бунёдкоронаю созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит намуд.
Ҳамин тариқ, дар ҷамбасти ин мусобиқа 35 нафар ғолибон бо Шоҳҷоизаи “Ҷоми Ҷамшед”, Шоҳҷоизаи “Ҷоми Истиқлолият”, нишонҳои хотиравӣ, шаҳодатномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар ин мусобиқа мувофиқи шартҳои пешбинишуда Вазорати корҳои хориҷӣ, вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Ёвон, шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара, деҳоти ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакии ноҳияи Восеъ, деҳаи Янгибоғи деҳоти Ҷўра Раҳмонови шаҳри Турсунзода, маҳаллаи ба номи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хонаи Рустамов Исмоил дар шаҳри Норак, ҳамчунин Оилаи Саъдуллоевҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз беҳтаринҳо эътироф шуда, бо ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ғолибони ҷойи якум мувофиқи ҳамин шартҳо Прокуратураи генералӣ, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан, деҳаи Раҳмонободи деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кўлоб, хонаи Шариповҳо аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва оилаи Сафаралӣ Ҳалимов аз шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар дониста шуданд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, шаҳри Қўрғонтеппа, ноҳияи Рўдакӣ, шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов, деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон, маҳаллаи Зардолузори шаҳри Панҷакент, хонаи Аброр Шамуратов аз деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ва оилаи Маҷид Олимов аз ноҳияи Спитамен сазовори ҷойҳои дуюм гардида, шаҳри Хоруғ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор, деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом, маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рўдакӣ, хонаи Нозимҷон Усмонов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оилаи Наботбегим Тавакалова аз шаҳри Хоруғ ҷойҳои сеюмро гирифтанд.
АМИТ “Ховар” ҳамаи ғолибони ин Мусобиқаи бонуфузи ҷумҳуриявиро, ки бори аввал дар таърихи мамлакат доир карда шуд, самимона табрик менамояд!























Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






