Ҷоми «Истиқлол»: ФФТ ва «Амонатбонк» -дар финал

Сентябрь 5, 2016 15:43

Душанбе, 5.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Варзишгоҳи марказии пойтахт мусобиқаи футболбозон оид ба футболи хурд бахшида ба 25- солагии Истиқлолият идома дорад.
Дар бозиҳои нимниҳоӣ шоми дирӯз дастаҳои ФФТ ва «Динамо» ба майдон баромаданд. Вохӯрии ин ду дастаи ба ҳам арзанда ниҳоят тезу тунд ва шавқовар гузашт. Футболбозони ҳар ду даста мехостанд дар ин вохӯрӣ аз якдигар қафо намонанд. Лаҳзаҳои хубу фаровони голзанӣ барои ҳуҷумкунандаҳои дастаҳо хеле зиёд ба мушоҳида расид, аммо аввалин шуда ба Эраҷ Носеҳов муяссар шуд, ки аз масофаи наздик тӯбро ба дарвозаи «Динамо» зада, дастаи Федератсияро ба сафи пеш барорад. Голи ҷавобӣ ба зудӣ зада шуд ва Сабур Бахтиҷамолзода муаллифи он гардид. Аммо дастаи Федератсияи футбол, ки дар ҳайаташ бозингарони ботаҷриба ҳунарнамоӣ доштанд, дар нимаи дуввум бо голҳои задаи Субҳон Хӯҷамов ва Ҳувайдо Давлатбеков аз нав ба сафи пеш баромада, дар ҷамъбаст бо ҳисоби 3 бар 1 ғалаба кард ва аввалин шуда, ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Дар бозии дувуми нимниҳоӣ тимҳои «Амонатбонк» ва «Бонки миллӣ» ба дидори ҳам рафтанд. Дар бозии баробар «Амонатбонк» бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба карда, ба бозии ниҳоӣ баромад.
Ба ҳамин тартиб дастаи Федерасияи футбол бо «Амонатбонк» барои мақоми аввал ва «Динамо» бо «Бонки миллӣ» барои ҷои сеюм рӯзи 7-уми сентябр вориди рақобат мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки маблағи ҷоизавии мусобиқоти «Ҷоми Истиқлол» 70 000 сомониро ташкил медиҳад. Соҳиби ҷои аввал бо маблағи 40 000 сомонӣ, зинаи дуввум 20 000 ва зинаи сеюм бо 10 000 сомонӣ сарфароз мегардад.

Сентябрь 5, 2016 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад