Пан Ги Мун: созишномаи сулҳ дар Колумбия метавонад барои дигарон намунаи ибрат гардад

Сентябрь 27, 2016 15:59

Душанбе, 27.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Рӯзи душанбе дабири кулли СММ Пан Ги Мун изҳор дошт, ки дастоварди сулҳ дар Колумбия метавонад барои аксар гӯшаҳои ҷаҳон, ки кишварҳо барои расидан ба сулҳ талош меварзанд, намунаи ибрат гардад.
Зимни маросими имзои шартномаи сулҳи таърихӣ дар Картахенеи Колумбия, ки ба муноқишаи мусаллаҳонаи дохилии 52- сола дар Колумбия хотима бахшид, Пан Ги Мун таъкид кард: «Онҳое, ки дар бисёре аз гӯшаҳои ҷаҳон барои сулҳ сари мизи музокирот менишинанд, имрӯз ба Колумбия менигаранд, то сабақеро, ки ин кишвар метавонад диҳад, омӯзанд».
Бино ба иттилои РИА «Новости», Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба идомаи кумаки Созмон ба хотири эътидоли вазъ дар Колумбия изҳори ақида намуд.
Ӯ нақши Куба ва Норвегияро ҳамчун кишварҳои кафили раванди гуфтушунид муҳим арзёбӣ намуда, ба суханронии худ бо нидоҳои «Зинда бод сулҳ, зинда бод Колумбия, зинда бод Колумбияи осоишта» хотима бахшид.

Сентябрь 27, 2016 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд