Пирӯзии самбочиёни тоҷик дар Ҷоми Президенти Федератсияи байналмилалии самбо

Сентябрь 1, 2016 16:29

 Душанбе, 01.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Самбочиёни тоҷик дар Ҷоми Президенти Федератсияи байналмилалии самбо соҳиби ду медал гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо, ки аз 28 то 31 август дар шаҳри Тонхеи Куриёи Ҷанубӣ баргузор гардид, варзишгари тоҷик Сайриддин Шоев дар вазни 74 килограмм баромад намуда, ба гирифтани ҷойи дуюм ва нишони нуқра мушарраф гардид.
Варзишгари дигари тоҷик Қурбонзода Муҳаммадризо дар вазни 100 килограмм вориди майдони паҳлавонӣ гардида, тавонист медали биринҷии Ҷоми Президенти Федератсияи байналмилалии самборо аз они худ созад.
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи Ҷоми Президенти Федератсияи байналмилалии самбо дар Куриёи Ҷанубӣ ҳудуди 300 варзишгар аз бист кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.

Сентябрь 1, 2016 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад