Рӯзҳои наздик гармшавии ҳаво танҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ дар назар аст, дар водиҳо ҳарорати ҳаво муътадил боқӣ хоҳад монд

Сентябрь 7, 2016 09:45

Душанбе, 07.09.16. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии мутахассисон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои софи бебориш боқӣ монда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо 35-37 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва иди саиди Қурбон дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои соф дар назар дошта шудааст.
«Дар ноҳияҳои кӯҳии Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ беш аз ду ҳафта ҳарорати ҳаво дар сатҳи 32 дараҷа қарор дошта, хатари обшавии пиряхҳо дар назар аст.
Ҷунин ҳолат то 11 сентябр боқӣ монда, эҳтимоли селфароӣ дар ин навоҳии кӯҳии Тоҷикистон вуҷуд дорад»,- зикр намуд манбаъ.
Аз 8 то 13 сентябр дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво ба 37 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 37 дараҷа мерасад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 10-15, рӯзона 26-31; дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона 11-16 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 14-19, рӯзона 32- 37 дараҷа гарм мешавад.

Сентябрь 7, 2016 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад