Рӯзи умумиҷаҳонии дил- рӯзи муросо ва мадоро, рӯзи меҳру муҳаббат
Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. 29-уми сентябр рӯзи умумиҷаҳонии қалб, ё Рӯзи дил эълон шудааст. Ин беҳуда нест, зеро тамоми ҳастии инсон, рӯҳия, тандурустӣ, неруву бовар, меҳру муҳаббати ӯ вобаста ба дил аст. Ҳолати инсон–ҳолати дил аст. Агар дили инсон зебост, ӯ ҳам зебост, агар дили инсон тавоност, ӯ ҳам тавоност, агар дил шод аст, инсон шод аст, агар дил ғамгин аст, инсон ғамгин аст ва агар дил пок аст, инсон низ пок аст. Яъне, инсон, пеш аз ҳама, таҷассуми дили худаш аст.
Авзои ҷаҳон ба авзои дили одамон вобаста аст. Бинобар ин, дар бисёр шаҳрҳо барои дил ҳайкалу муҷассамаҳо гузоштаанд.
Равоншиноси маъруфи тоҷик Марям Давлатова дилро сухангӯи равонии инсон номида, чунин ибрози ақида кард: «Калимаи қалб дар забони тоҷикӣ ва умуман дар забонҳои дигар ҳам танҳо ба маънои узви бадан истифода намешавад. Маъмулан он ҳамчун ифодагар ё маркази эҳсосот қабул шудааст. Метавон онро сухангӯи равонии инсон ҳам номид. Ин сабабҳои худро дорад. Ҳарчанд эҳсосоти инсон дар мағзи сар марказҳои худро доранд, вале дил ба ҳама гуна лаппишҳои мавҷие, ки эҳсосот ба вуҷуд меоранд, оҷил ва фаъол ангеза медиҳад, зеро гардиши хун, таркиби он ва дигар паҳлӯҳои неруи дохилии инсон тавассути хун дарзамон ба дил омада мерасанд ва мароми набзро дигар мекунанд. Ва қалб ҳис мекунаду ин ҳисро ба инсон медиҳад. Аз ин рӯ инсонҳо дар симои дил як симои мустақилеро мешиносанд ва воқеан бо он гуфтугӯ мекунанд. Дар адабиёт ашъори зиёдеро пайдо кардан мумкин аст, ки қаҳрамониҳои лирикии шоирон тамоми гилаҳои худро бо дил мекунанд. Масалан Устод Лоҳутӣ дубайтиҳои зиёде дорад, ки силсилаи дилномаро ташкил додаанд. Метавон гуфт, ки дар ин гуна ашъор дил мухотаби асосӣ, қаҳрамони маҷозӣ аст ва қаҳрамони лирикии шоир ҳамаи гуноҳро аз кашидани ранҷҳои равонии худ ба гардани ӯ бор мекунад. Вале дар асл сухан аз хоҳишу рағбатҳои инсонӣ, орзуву ормонҳои расидаву норасида меравад. Ва гуфтугӯҳо низ на бо дил, балки бо таҳтушшури инсон сурат мегиранд, вале дар ҳолати надонистани усулҳои кор бо таҳтушшуур, эҳсосоти манфии инсон аз нарасидан ба орзуҳо ва умедҳои амалинашуда метавонанд боиси бемориҳои равонӣ ва ҷисмӣ, аз ҷумла қалб бигарданд. Аз ин рӯ, тамоми адён, фарҳангҳо ва илми равоншиносӣ низ покиза нигоҳ доштани қалб, яъне зеҳну равони худро аз эҳсосоти манфӣ ва ба ҷойи он неру додани ҳиссиёти мусбатро тавсия медиҳанд».
Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон дилро ба ғайр аз як узви хунгардонии инсон макони муҳаббату ишқ меномад: «Дил, яъне қалб меҳвари зиндагии инсон аст. Тамоми ҳастии инсон вобаста ба эҳсосоту самимияти ӯ дар гирди ҳамин меҳвар чарх мезанад. Инсон бо ҷон, яъне рӯҳ зиндааст, аммо маҳз дил аст, ки зиндагии инсонро маъно, шукӯҳ, таровату гармӣ мебахшад. Вақте мо дил мегӯем, моро андешаву орзу, ормону муҳаббату эҳсосот фаро мегирад. Инҳо ҳамон чизҳое ҳастанд, ки дар дил маскан доранд. Дил хонаи орзуву армонҳост, дил хонаи меҳру муҳаббат аст, албатта, агар пок бошад, нек бошад, хайрхоҳ бошад.
Метавон ин тафсирро хеле доманадор идома дод. Дар забони тоҷикии мо аз вожаи дил ҳазорон таъбиру маъно сохтаанд. Дил ба ғайр аз он ки як узви хунгардонии инсон аст, боз маънои дарун- ботинро дорад. Дил ба маънии ҷон ва рӯҳи инсон ҳам меояд. Дил ҳамчунон маънои фикру андешаро дорад, дил майлу рағбату хоҳиш аст. Аз дил далериву шуҷоати инсон вобастагӣ дорад. Дил чигунагии симои инсон, шахсияти ӯро муайян мекунад, дил раҳнамои инсон дар ҷодаҳои зиндагист. Бубинед: дили ободу дили вайрон, дили кабобу дили осуда, дили ҷамъу дили парешон, дили нарму дили сангин ва садҳо таъбири дигар сохта шудаанд, ки ҳар яке бозгӯи сифату шахсияти инсонанд. Ҳамчунин таъбирҳои дил додану дил бигрифтан, дил доштану дил дуздидан, дил кашидану дил кушодан, дил об кардан, дил оростан, дил сӯхтан, дил холӣ кардан, дил аз даст бурдан, дил аз даст додан, дил об кардан, дил афрӯхтан ва садҳо ибораву таъбирҳои маҷозиву рамзие, ки аз вожаи дил метавон сохт, ҳар яке як олам бори маъно мекашанд.
Вожаҳои марбут ба дил ҳар яке метавонанд таҷассуми шахсияти инсон бошанд, ҳолатҳои рӯҳии ӯро ифода кунанд, маъниву мароми инсонҳоро баён намоянд. Шояд вожаи дигар дар ин сифат, яъне фарогирии ҳама паҳлуҳои маънавиву рӯҳонии инсон ба вожаи дил баробар шуда натавонад. Бубинед: дилангез, дилбар, дилафсурда, дилгир, дилгудоз, дилкашол, дилкаш, дилкӯр, дилмурда, дилреш, дилтанг, дилоро ва сохтани маъниву таъбиру вожаҳои нав ба нав аз ин вожа поён надорад. Ва истифодаву корбурди чунин вожаҳоро дар шеъри гузаштаву имрӯзаи мо метавон фаровон мушоҳида кард. Масалан,истифодаи вожаҳои хушдилӣ ва дилафрӯз аз ҷониби Хоҷа Ҳофиз:
Шаби суҳбат ғанимат дону доди хушдилӣ бистон,
Ки моҳе дилфурӯз аст ону тарфи лолазоре хуш.
Ё корбурди вожаи дилнавоз аз ҷониби Мавлоно Ҷомӣ:
Лайлӣ чу ниёзмандияш дид,
В-он нуктаи дилнавоз бишнид.
Метавон овардани далелҳоро беохир идома дод, зеро дар забони шоиронаву ноби тоҷикӣ вожаи дил ё қалб аз вожаҳое ҳастанд, ки ба муҳаббату самимимияту эҳсосоти инсонӣ марбутанд. Ва мо худ миллате ҳастем дилошнову дилшиносу дилогоҳ».
Мо, мардуми тоҷик аз рӯзи байналмилалии дил ба хушӣ истиқбол мекунем. Ва шояд рӯзи байналмилалӣ эълон доштани ин рӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ бо он ҳадафи нек аст, ки мардуми олам аз дил ба дил роҳ кушоянду ба дили ҳамдигар роҳ ёбанд ва оқибат бо ҳам ҳамдил бошанд, зеро хушбахтии инсоният маҳз аз ҳамдилии инсонҳои рӯйи замин вобастагӣ дорад.
Ва албатта, хушбахтии мо тоҷикон, ки ба Истиқлолияти давлатии худ расидаем, пайгирӣ карданамон аз мақсад ва ҳадафҳои баланди милливу инсонӣ ва расидан ба пирӯзиҳо вобастагӣ дорад ба ҳамдиливу аз як гиребон сар бароварданамон, ки асоси Ваҳдати миллӣ ва осоиштагиву хушрӯзии мо хоҳад буд. Бинобар ин муборак бод ба ҳамагон Рӯзи умумиҷаҳонии дил! Бигзор, ҳар рӯзи мо рӯзи дил, яъне рӯзи ҳамдигарфаҳмӣ, рӯзи меҳр, рӯзи ишқу муҳаббат бошад! Бигзор, дар партави дилҳои дурахшони ҳамдигар роҳамон, рӯзгорамон, симоямон ҳамеша равшану нурафшон бошад!
Мавҷуда Анварӣ