Роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 09.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони “Дӯстӣ”-и шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 25-умин Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат доштанд.
Зимни суханронӣ дар ин ҳамоиши бузурги мардумӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сокинони пойтахт ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо камоли ифтихору хушҳолӣ ба муносибати биступанҷумин солгарди истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон самимона табрик намуданд.
Ба андешаи Роҳбари давлати Тоҷикистон, мардуми соҳибдавлати тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба хотири ободии диёр, ҳимояи марзу буми он ва раҳоӣ ёфтан аз мушкилот ҳамеша сарҷамъу муттаҳид шуда, Ватани худро соҳибӣ кардаанд ва миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот бахшидаанд. Бисту панҷ сол муқаддам ҳамаи мо шоҳиди барқарор гардидани адолати таърихӣ дар тақдири халқи созандаи худ шудем, ки чӣ гуна мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири гузоштани пойдевори давлати навини соҳибистиқлолу демократӣ паҳлуи ҳамдигар истода, то ба имрӯз барои пешрафту ободии он содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.
Бо зикри ин нукта Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид доштанд, яке аз беҳтарин намунаҳои заҳмату талошҳои аҳлонаи халқи Тоҷикистон дар давраи истиқлолият барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкиму тақвияти давлату давлатдории миллӣ ва сарҷамъиву ваҳдат мебошад. Ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ нишонаи имондорӣ буда, ҳар як фард бо анҷом додани қарзу рисолати фарзандӣ дар назди миллат ва давлати худ сарбаланд мемонад.
Дар интиҳои суханронӣ Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони мамлакатро бори дигар бо биступанҷумин солгарди истиқлолу озодии кишвари азизамон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот, ваҳдати ҷовидона ва дастовардҳои бузург таманно карданд.
Сипас намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони вазорату идораҳо, намояндагони бахшу соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи мамлакат, донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳову намояндагони дигар қишрҳои ҷамъият бо навбат бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат раҳпаймоӣ карданд.










































































Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд






